LIVE

ФИФА тавассути бозиҳои хайриявӣ техникаи тиббӣ мехарад

ФИФА бозиҳои хайриявиро ташкил мекунад то барои мубориза бар муқобили коронавирус маблағ ҷамоварӣ кунад. 
Фонди махсуси ФИФА бори аввал дар тули фаъолияти худ бозиҳои расмии хайривии футболро ташкил ва роҳандозӣ хоҳад кард. 
Ҳадаф аз ташкили бозиҳои мазкур ин маблағгузории дастгоҳҳои махсуси кӯмакрасон дар самти табобат ва пешигрӣ аз вируси КОВИД-19, ҳамчунин густариш додани ҳамкориҳо дар самти истеҳсоли чунин дастгоҳҳои зарурӣ ба хотири дастрасии бештар пайдо кардан ба лавозимоти зарурии тиббӣ маънидод карда мешавад.   

“Мо вазифадорем, ки ҳамбастагӣ нишон диҳем ва тамоми корҳоро иҷро карда, саҳми худро дар бартараф намудани мушкилоти пешомада гузорем.  
То ин замон мо дар баланд бардоштани маърифат ва дониш тавассути як чанд барномаҳо саҳмугзорӣ кардем ва ФИФА маблағҳои зиёд низ барои мубориза бо ин вирус ҷудо кард.   Акнун мо мехоҳем бо ташкили ин маъара рушди техналогияҳои ҷадиди тиббиро сармоягузорӣ кунем. Ин бозиҳо баъд аз як чанд моҳ ташкил карда мешавад”, иқрор шудааст президенти ФИФА - Ҷанни Инфантино.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив