LIVE

Шотландия низ футболи худро қурбонӣ кард

Мавсими имсолаи футболи Шотландия   идома намеёбад. Ин хабар дар сомонаи расмии Лигаи милии касбии футболи Шотландия интишор ёфтааст. Дар  ҷаласаи вижае Лигаю дастаҳои иштирокчӣ  ба қароре омаданд, то  чемпионатро  қабл аз муҳлат ҷамъбаст намоянд. Аз рӯйи  натиҷаҳои бадастомада тими “Селтик”, ки садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад, қаҳрамони   кишвар эълон гардид. Ин нуҳумин  ғалабаи пайиҳами  “Селтик” дар футболи дохилӣ дониста мешавад.  Дивизиони олиро бошад, тими “Хартс” тарк кард. Дар  ҷаласа ҳамчунин  гуфта шуд, ки бинобар  буҳрони иқтисодии дастаҳои Лига тасмим гирифт, то 7 млн фунт кӯмакпулиро ба онҳо тақсим намояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив