LIVE

Дар Белгия низ чемпион қабл аз муҳлат эълон шуд

Ассамблеяи генералии Лигаи Белгия ба хулосае омад, ки қабл аз муҳлат ба Чемпионати кишвараш хотима бахшад. Баъди ин иқдоми масъулони футболи Белгия дастаи “Брюгге” қаҳрамон эътироф шуд ва тими “Васланд-Беверен” бошад, Лигаи олиро тарк гуфт. 
Дар ҷараёни кори ҷаласа 84% нисбати қатъи чемпионат овоз доданд. 
Дастаҳои футболи “Брюгге” ва “Гент” роҳхати иштирок дар Лигаи чемпионҳо пайдо карданд, аммо Федератсияи футболи Белгия аз он нигарон аст, ки УЕФА дастаҳои ин кишварро барои пеш аз муҳлат ҷамъбаст кардани чемпионат муҷозот мекунад. Новобаста аз он, ки УЕФА ба аъзоёни худ муроҷиат карда буд, ки ин корро накунанд. 
Чемпионати Белгия баъд аз Фаронса ва Нидерландия сеюмин мусобиқоте маҳсуб мешавад, ки қабл аз муҳлат ҷамъбаст мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив