LIVE

Аввалин акси Сон Хин Мин бо пироҳани низомӣ

Ҳамлагари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ оид ба футбол - Сон Хин Мин дар машқҳои ҳарбӣ қарор дорад. Ин бозигар дар Қушунҳои Кореяи Ҷанубӣ  1 моҳ  ба тамринҳои низомӣ ҷалб карда шудааст. Сон тайёриро дар қароргоҳи баҳрии ҷазираи Чеҷудо аз моҳи апрел инҷониб баргузор мекунад. Баъд аз иҷрои рисолати худ футболбози 27 сола аз Корея ба Англия бармегардад. Ҳамлавари дастаи “Тоттенхэм” аз моҳи марти соли ҷорӣ дар ватанаш қарор дорад.
Футболбози маъруфро зарур буд, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвараш хизмати Модар - Ватанро иҷро кунад, аммо ба ӯ ваъда дода буданд, ки агар мунтахаби кишварашро дар бозиҳои Осиёии соли 2018 ба ғалаба расонад, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешавад. Сон Хин Мин худи ҳамон сол бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ қаҳрамони бозиҳои Осиёӣ гардида буд. 
Ёдовар мешавем, ки Сон Хин Мин  аз сол 2015 инҷониб дар ҳайати “Тоттенхэм” ҳунарнамоӣ мекунад. Айни замон Чемпионаи Англия дар қатори дигар мусобиқаҳо бинобар  паҳншавии коронавирус манъ кара шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив