LIVE

Саргузаште аз рӯзгори яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон

Соли 1993, Роналдинюи 13-сола дар ҳайати дастаи «Белу-Оризонти» дар як бозӣ 23 гол!!! ба самар расонид. Худи ҳамон бозӣ ҳам баҳисоби 23-0 ба охир расид. Маҳз ҳамон бозӣ буд, ки номи ин футболбози наврас дар сархати расонаҳои кишвараш ҷо гирифт.Аввалин маротиба Роналдиню дар мусобиқаи байналмиллалии футбол, Ҷоми ҷаҳон-2002, ки дар кишварҳои Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид,аз худ ҳамчун яке аз беҳтарин футболбози олам дарак дод. Зарбаи ҷаримавии аз 35 метр задаи ӯ ба дарвозаи Англия, тамоми оламро дар ҳайрат гузошт. Ҳарчанд қаҳрамони ин чемпионат ҳамдастаи ӯ – Роналдои машҳур буд, аммо ӯро аз он вақт дӯст доштанд. Хандаи зебо ва ҷаззоби ӯ на танҳо дили мухлисони дастаҳое, ки дар он бозӣ мекард, балки дили мухлисони дигар дастаҳоро низ рабуда буд. Рӯзи 19 ноябри соли 2005 дар бозии Эл-класико Роналдиню ба дарвозаи «Реал» ду голро ба ҳадаф расонд. Ӯ он қадар самимӣ, зебо ва бо тамоми маҳорат бозӣ намуд, ки ҳатто мухлисони дастаи «Реал» дар майдони «Сантяго Бернабеу» барояш кафкӯбӣ намуданд. Ин ҳолат ба ҷуз ӯ дигар касро то ҳол муяссар нашудааст. Дар ҳамон мавсим, Роналдиню «Барселона»-ро ба қаҳрамонӣ дар чемпионати Испания ва Лигаи қаҳрамонони Аврупо расонид.
Тирамоҳи соли 2007 мувофиқи сарчашмаҳои хабарии гуногун, гузариши трансферии Роналдиню зиёда аз 100 миллион евроро ташкил дод. Дар муқоиса бо дигар гузаришҳои трансферии он замон, ин қимматтарин нарх буд. Пештар аз ӯ танҳо қимматтарин футболбоз Зайниддин Зидан буд, ки қиммати ӯ ба 75 миллион евро баробар буд.
Дар сарнавишти ситораи футболи имрӯз – Лионел Месси ҳам саҳми Роналдиню бузург аст. Зеро маҳз Роналдиню буд, ки Мессиро аз писарбачаи камгап ба як футболбози касбӣ шудан кӯмак кард. Аз ин ҷост, ки худи Месси баъдтар гуфт: «Агар Франк Райкард бароям чун падар буд, Ронадиню бошад, бароям чун бародари бузург буд. Дар аввалин голи дар ҳайати дастаи «Барселона» задааш, Месси худро ба шонаҳои беҳтарин дӯсти хандонаш – Роналдиню партофта буд. Ин голро барояш Роналдиню бо партофти зебое тақдим кард.
Акнун ин ситораи машҳури футбол, касе ки футболро ба як бозии зеботаре ба намоиш мегузошт, аз майдон канор рафт, аммо ҷояш дар қалби миллионҳо мухлисаш дар ҳар гӯшаву канори олам боқист!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив