LIVE

Миннатдории мухлисони "Истаравшан" ба табибони шаҳр

Гурӯҳи мухлисони  бошгоҳи "Истаравшан" - и шаҳри Истарвашан бо роҳбарии Неъматҷон Султонов барои дастгирии духтурон  дар  назди Бемористони марказии шаҳр ҷамъ омаданд. Онҳо дар чунин вазъияти душвор ба табибон ва ҳамаи он афроде, ки бар муқобили коронавирус мубориза бурда истодаанд, таҳти шиори “Ташаккур табибон! Мо бо шумоем” аксия баргузор карданд. Неъматҷон Султонов зикр намуд, ки мақсад аз роҳандозии флешмоби мазкур дастгирӣ намудани духтуроне, ки ҷони худро дареғ надошта, барои сиҳатии мардуми тоҷик талош доранд, ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив