LIVE

Неймар нахост то амалаш ошкор шавад

Ҳамлагари бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса ва мунтахаби Бразилия - Неймар  барои мубориза бар зидди коронавирус ба созмони Юнисеф ва  фонди хайриявии зодгоҳаш 880 ҳазор  евро  ҷудо намуд. Ӯ хоҳиш кардааст, ки ин амалашро касе нафаҳмад, вале рӯзноманигорони бразилӣ ин иқдоми футболбози кишварашонро дар тамоми ҷаҳон расонаӣ карданд. Ҳамчунин қаблан Неймар дар саҳифаи расмии худ видеоро интишор намуд, ки ӯ барои духтурон каф мекӯбад. “Қафкӯбӣ барои ҳамаи кормандони тиб. Ташаккур, ки Шумо ҷони худро дар хатар мегузоред”- иброз доштааст, Неймар.  
Бояд зикр намуд, ки айни замон шумораи сироятёфтагони бемории коронавирус дар тамоми ҷаҳон хатти 1 млнро гузашт. Ин бемории сироятӣ ҷони наздики 54 ҳазори нафарро рабурд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив