LIVE

ВАО: Хосе Антонио Рейес аз сабаби суръати баланди мошин...

Собиқ футболбози бошгоҳҳои “Севиля”, “Арсенал”, “Реал”, “Атлетико” ва мунтахаби Испания Хосе Антонио Рейс ва ҷиянаш дар садамаи нақлиётӣ ҷони худро ба ҳақ таслим намуданд. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии El diario de Sevilla мошини футболбоз тамғаи Mercedes Brabus S550 (арзишаш 150 ҳазор доллар) буда, ҳангоми ба шоҳроҳ баромаданаш оташ гирифтааст. Сабаби асосии рух додани ин фоҷиаи маргнок суръати баланд мебошад. Суръати мошини Хосе то 200 км/с-ро ташкил медодааст. Рейс ва ҷияни 23 солаи ӯ дар ин ҳодисаи нохуш ҷони худро аз даст доданд. Ҳангоми ин ҳодиса боз дар мошин як нафар мусофири дигар низ будааст, ки ҳангоми суръати балан худро аз мошин ба берун ҳаво додааст. 60% бадани ӯ оташ гирифтааст. Айни замон мусофир дар ҳолати вазнин қарор дошта, таҳти назорати табибон мебошад. Табибон барои зинда мондани ӯ мубориза бурда истодаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив