LIVE

Аввалин акси Месси баъд аз 60 рӯзи хонанишинӣ

Вазорати варзиши Испания ба дастаҳои Ла Лига иҷозат дод, ки ин ҳафта ба майдонҳои худ баргарданд ва тамринҳои хешро оғоз кунанд. Аммо тамоми ҳайати кормандон ва футболбозон қабл аз оғози тамрин аз ташхиси пурраи табибон гузаронида мешаванд ва дар сурати ошкор нашудани вируси тоҷ дар таркиби худи онҳо иҷозаи оғози тамрин пайдо хоҳанд кард.
Дирӯз бозигарони дастаҳои шомили Ла-Лига баъд аз наздик ба ду моҳи хонанишинӣ аввалин бор дар назди қароргоҳҳои клубҳои худ пайдо шуданд. Футболбозони ҳайати аввалияи “Барса” аз ҷумла Лионел Месси, Луис Суарес, Пике ва дигарон дар қароргоҳи бошгоҳи каталонӣ ба мушоҳида расид, ки ҳар яки он қабл аз оғози тамрин аз ташхиси табибони дастаашон гузаштанд.
Дар навбати аввал тамринҳо ба таври инфиродӣ сурат мегирад. Ҳукумати Испания нақшаи дигарбора бозгашти футболбозонро ба машқҳои мунтазам таҳррезӣ кардааст, ки он аз якчанд марҳила иборат мебошад. Ҳамчунин футболбозони дастаҳои “Реал Мадрид”, “Атлетико”, “Севиля” низ дар қароргоҳи бошгоҳҳои худ ба мушоҳида расиданд, ки тамринҳоро оғоз карданд. Тавре гуфта мешавад, Ла Лига бозиҳои худро 5-ум ё 12 июн бидуни даъвати мухлисон ба варзишгоҳ идома медиҳанд, ки  тамоми бозиҳои Чемпионати Испания танҳо дар 4 варзишгоҳ гузаронида хоҳад шуд.
Шуруъ аз 18-уми май машқҳои инфиродӣ ба ҷуфтӣ табдил дода мешаванд, ки дар майдон 6 нафар тамринро якҷоя мегузаронанд ва дар сурати беҳтар шудани ҳолат аз 25-уми май шумораи бозигарон дар тамрин ба 8 адад расонида мешавад. Марҳилаи омодагии асосӣ аз 1-уми июн расман оғоз мегардад, агар хурӯҷи коронавриус дар Испания коҳиш ёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив