LIVE

Бозгашти Мессию Бензема ба майдон баъд аз 55 рӯз

Вазорати варзиши Испания ба дастаҳои Ла Лига иҷозат дод то ин ҳафта ба майдонҳои худ баргарданд ва тамринҳои хешро оғоз кунанд. Аммо тамоми ҳайати кормандон ва футболбозон қабл аз оғози тамрин аз ташхиси пурраи табибон гузаронида мешаванд ва дар сурати ошкор нашудани вируси тоҷ дар таркиби худи онҳо иҷозаи оғози тамрин пайдо хоҳанд кард. Дар навбати аввал тамринҳо ба таври инфиродӣ сурат мегирад. Ҳукумати Испания нақшаи дигарбора бозгашти футболбозонро ба машқҳои мунтазам таҳррезӣ кардааст, ки он аз якчанд марҳила иборат мебошад. Дар пайи ин дастур дастаҳои шомили Ла Лига бозиҳои худро аз 5-ум ё 12 июн бидуни даъвати мухлисон ба варзишгоҳ идома медиҳанд. Тавре гуфта мешавад, тамоми бозиҳои Чемпионати Испания танҳо дар 4 варзишгоҳ гузаронида хоҳад шуд. Шуруъ аз 18-уми май машқҳои инфиродӣ ба ҷуфтӣ табдил дода мешавад, ки дар майдон 6 нафар тамринро якҷоя мегузаронанд ва дар сурати беҳтар шудани ҳолат аз 25-уми май шумораи бозигарон дар тамрин ба 8 адад расонида мешавад. Марҳилаи омодагии асосӣ аз 1-уми июн расман оғоз мешавад, агар хурӯҷи коронавриус дар Испания коҳиш ёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив