LIVE

Жозе Моуриню ба амалҳои хайри худ идома медиҳад

Сармураббии дастаи «Тоттенхэм» - Жозе Моуриню дар як аксияи хайриявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хурӯҷи коронавирус ширкат варзида, нақши волонтёр ё худ ихтиёриёнро бозӣ карда, ба беморону пирону барҷомондагон ва табибони соҳа кӯмак намуд. Ёдовар мешавем, ки дар замони пандемияи Ковид-19 варзишгоҳи бошгоҳи “Тоттенхэм” –ро ба маркази ташхисии вируси тоҷ табдил доданд ва мураббии маъруфи футбол ба кӯмаки табибону беморон пардохта, ба онҳо дасти ёрии худро дароз кард. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин иқдоми мураббии португалӣ намуда, қаблан ӯ бо ҳамроҳии як ташкилоти  кӯмакрасон бо дигар волонтёрон ба манзилҳои зисти инсонҳои солхӯрда рафта, ба онҳо маводи аввалияи рӯзгор тақдим кард. Гуфта мешавад, ки сармураббии дастаи «Тоттенхэм»  яке аз фаъолони аксияҳо барои мубориза бо коронавирус маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив