LIVE

Рибери: Тӯби тиллоии маро дуздиданд

Франк Рибери: “Тӯби тиллоиро соли 2013 аз ман дӯздиданд ва ин калонтарин ғорате буд, ки нисбати ман раво диданд. Ин қарори беадолатона буд. Ин ҷо сиёсат низ ҳамроҳ шуд. Ман дидам, ки чӣ тавр Блаттер Криштиану Роналдуро ба оғӯш мекашаду бо тамоми аҳли оилааш дастфишурӣ мекунад. Ман аз ақл бегона нестам. Онҷо ҳамааш ошкор буд, ки ФИФА мехост то “Тӯби тиллоӣ”-ро Роналду ба даст оварад. 
Аз рӯи нишондодҳо ман аввал будам, аммо дар ниҳоят сеюм шудам. Ин ҳам дар ҳолест, ки он сол Месси ва Роналду дастоварде ҳам надоштанд”. 
Рибери дар мавсими солҳои 2012/13 бо «Бавария» – чемпиони Бундеслига, барандаи Ҷоми Олмон ва ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив