LIVE

“Тӯби тиллоӣ”-ро рабуданд

“Тӯби тиллоӣ”-ро дуздиданд,  агар онро ёбед, хоҳиш мекунем, ки ба соҳиби ҳақиқиаш баргардонед. Бо чунин шиор мухлисони «Ливерпул» Вирджил ван Дейкро ҷонибдорӣ намуданд. Мухлисони клуби мазкур бо ин роҳ хостанд аз муҳофизатгари ҳолландӣ пуштибонӣ намуда, бад-ин васила норозигии худро аз натиҷаи раъйдиҳии маросими ҷоизасупорӣ баён созанд. Ба ақидаи онҳо дар мавсими гузашта ван Дейк арзандаи “Тӯби тиллоӣ” буд. Ёдовар мешавем, ки Вирджил ван Дейк дар миёни се муддаии асосӣ мақоми дуюмро ишғол намуд. Барандаи “Тӯби тиллоӣ” маротибаи шашум Месси гардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив