LIVE

“Ливерпул” дар бораи Садио Мане чӣ тасмим гирифт?

Ҳоло Садио Мане яке аз ҳамлагарони беҳтарин дар ҷаҳон ва ҳадафи асосии якчанд клубҳои беҳтарин қарор дорад.
Ин ҳамлагари соҳибноми сенегалӣ ду сол қабл дар “Саутгемптон” бозӣ мекард ва орзуи баромадан ба даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳоро дошт.
Мане дар синни 18 солагиаш аз Сенегал ба Аврупо кӯчид ва футболи ҳирфаиро дар дастаи “Метс”-и Фаронса оғоз кард. 
Бо гузашти ду сол вай ба тими «Ред Булл Залтсбург» гузариш намуд. Баъди як-ду мавсим диққати клубҳои TOP-5 Чемпионати Аврупоро ба худ ҷалб сохт. 
Пас аз ду мавсими ҳунарнамоӣ дар Лигаи футболи Австрия ба “Саутгемптон” кӯч баст.
Дар тими наваш низ Мане хеле зуд ба пешравӣ ноил шуд ва дар мавсими 2015/16 аз нигоҳи мухлисон беҳтарин футболбози даста интихоб шуд. 
Дар охири мавсим, Клопп сенегалиро даъват кард ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки ба "Ливерпул" гузариш намояд. 
Тавре худи футболбоз баъдтар гуфтааст, барои қабули ин пешниҳод ҳатто як сония шубҳа накард.
Тобистони соли 2016 Садио бо “Ливерпул” шартнома баст.
Бошгоҳи Англия барои бозингари мазкур 41 миллион евро пардохт кард ва худи бозингар бо ливерпулиҳо шартномаи дарозмуддат ба имзо расонд.
Зери роҳбарии мутахассиси олмонӣ - Мане рушд карду на танҳо голҳои зиёд мезанад, балки ба ҳамдастагонаш низ дар анҷоми зарбаҳои ҳадафрас нақши калон мебозад.  
Дар ин мавсим бозигари сенегалӣ 14 гол зада, 9 маротиба партофти головар анҷом додааст. 
Давоми чор соле, ки Мане дар ҳайати “Ливерпул” бозӣ дорад, муаллифи 77 тӯб ва 32 партофти головар анҷом дод. Феълан на Салоҳ, балки Мане дар равзанаи гузаришҳо талабгорони зиёд дорад. Феълан тамоми  клубҳои беҳтарини Аврупо мехоҳанд, ки ҳамлагарро дар дастаи худ бубинанд.
Тибқи рӯзномаи The Daily Mail “Ливерпул” ниҳоят дар бораи Садио Мане тасмим гирифт.
Тибқи рӯзномаи бритониёӣ клуб ният дорад, ки бозингарро аз даст надиҳад. Новобаста аз он, ки бошгоҳҳои муқтадир ба мисоли “ПСЖ” ва “Реал Мадрид” барои Мане 150 миллион евро пешниҳод мекунанд, “Ливерпул” бошад, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то бозигари сенегалиро дар клуб нигоҳ дорад.
Шартномаи ҷории футболбоз бо «сурхон» танҳо соли 2023 ба итмом мерасад ва ин маънои онро дорад, ки клуби англисӣ ҳанӯз вақт барои ба фурӯш гузоштани ӯ дорад.  
Ҳоло “Ливерпул” ҷойгузини Манеро меҷӯяд то дар сурати рафтан низ мавқеи ӯ холӣ намонад.  
Ғайр аз он, рӯзномаи бритониёӣ навиштаанд, ки даста омодааст, ки бозингарро тобистони соли 2021 ба фурӯш гузорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив