LIVE

“Реал” роҳи аз Йович халос шуданро пайдо кард

Бошгоҳи “Реал” мақсад дорад, ки дар равзанаи трансферии тобистона хатти ҳамлаашро пурқувват кунад. Ба маълумоти сарчашма мақсади асосии бошгоҳи шоҳона ба даст овардани ситораи навҷилои «Боруссия» - Эрлинг Холанд ба шумор меравад. “Реал” мақсад дорад, ки Лука Йовичро бо Холанд иваз кунад. 
Дар сурати иҷро нагардидани ин трансфер мадридиҳо диққати худро ҷониби ҳамлавари «Тоттенхэм» - Гарри Кейн, ки мақсади тарки бошгоҳи лондониро дорад, равона хоҳанд сохт.
Маврид ба ёдоварист, ки Холанди 19 сола зимистони соли 2020 ба дастаи “Боруссия” гузариш намуда буд. Дар 8 бозии дастааш 9 голро ба самар расонидааст.
Лука Йович бошад, дар 15 бозӣ бо пироҳани мадридиҳо ба задани 2 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив