LIVE

Собиқ футболбоз ва сармураббии "Ливерпул" гирифтори коронавирус шуд

Яке аз чеҳраҳои намоёни футболи Англия, собиқ бозигари дастон ва сармураббии маъруф - Кенни Далглиш мубталои бемории коронавирус шудааст. Мутахассиси 69 сола шуруъ аз рӯзи 8-уми апрел дар беморхона бар муқобили ин бемории сироятӣ мубориза мебарад. Дар бораи сирояти собиқ футболбоз сомонаи расмии бошгоҳи "Ливерпул" хабар додааст. Кенни Далглишро шоҳи "Энфилд" низ ном мебаранд.  Кенни Далглиш дар корномаи варзишӣ ва сармураббигии худ  бо “Ливерпул” дар маҷмуъ 9 маротиба Чемпиони Англия, се маротиба Ҷоми мусобиқоти аврупоӣ ва ғолиби як қатор мусобиқаҳои дигар гардидааст. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив