LIVE

Коронавирус ба “Реал” низ таъсири маргбор расонид

Коронавирус инсонҳоро новобаста аз мақом ва шуҳратмандияшон ба марг дучор месозад. Ҳадафи нави маргбори бемории дунёгири коронавирус ё худ COVID-19 собиқ президенти «Реал» Лоренсо Санс гардид-хабар медиҳад «Газета.Ru». Дар синни 77-солагии ҳаёташ собиқ роҳбари бошгоҳи футболи «Реал» ва собиқ молики  «Малага» Лоренсо Санс аз олам даргузашт. Лоренсо Санс санаи 17-уми март  бо аломатҳои табларза ва норасоии оксиген вориди шифохона шуда, аллакай рӯзи 19-уми март иттилоъ дода шуд, ки вазъи саломатияш бадтар гардид. Маҳз санаи 22-юми март аз марги Лоренсо  Санс расонаҳо хабар доданд.
Санс аз соли 1995 то соли 2000-ум  президенти «Реал» буда, дар ҳамин даврон бошгоҳи “шоҳона” ғолиби Примера дар соли 1997  ва молики дукаратаи Лигаи Қаҳрамонҳо гардид.  Пас аз Лоренсо Флорентино Перес роҳбари бошгоҳ таъин шуд.  Пештар бошад аз сабаби бемории коронавирус мураббии дастаи ҳаваскори кӯдаконаи «Атлетико Портада Алта» Франсиско Гарсия аз олам даргузашта буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив