LIVE

Нақшаи Виллиан ва "Барса" амалӣ намешавад

Бошгоҳи “Барселона” аз харидории футболбози бразилии дастаи “Челси” – Виллиан даст кашид, хабар медиҳад Sport.es.
Бозигари 31 сола бо ҳадафи узви бошгоҳи каталонӣ шудан аз тамдиди қарордод бо дастаи “Челси” даст кашид. Аммо дар ин миён роҳбарияти “Барселона” бошад, аз фикри худ гашт ва ҷалби Виллианро ба ҳайати аввалия муфиду зарурӣ нашуморид. Ин ҳам дар ҳолест, ки "Барса" давоми чанд мавсими охир ба ҳунари ӯ таваҷҷӯҳ дошт. Сабаб ба ҷое расидани синни футболбоз ва мушкилоти молиявӣ маънидод карда мешавад.  
Дар мавсими ҷорӣ Виллиан 28 маротиба ба майдон баромада, ба задани 5 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив