LIVE

Гризманн ва «Барса» нақшаҳои нав доранд

Ҳамлавари фаронсавии бошгоҳи «Барселона» - Антуан Гризманн дар анҷоми мавсими ҷорӣ дастаашро тарк нахоҳад кард. Роҳбарияти “нилунориҳо” то ҳол нақшаи фурӯши Гризманнро надоранд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки қаҳрамони феълии ҷаҳон бо форварди “ПСЖ” – Неймар иваз карда мешавад.
Худи Гризманн низ қайд кардааст, ки дар “Барселона” хушбахт аст ва фикри тарк намудани ин тимро надорад.
Гризманн соли 2019 аз дастаи “Атлетико” бо арзиши 120 млн евро ба “Барселона” гузариш намуда буд. Ҳоло арзиши Антуан дар бозори ҷаҳонӣ 120 млн евро арзёбӣ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив