LIVE

"Манчестер Юнайтед" аввалин трансфери худро маълум кард

Бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" хоҳиши харидани дифоъгари дастаи "Наполи" - Ҷованни Ди Лорентсоро дорад. Дар ин бора Football Italia хабар медиҳад.
Мувофиқи сарчашма аллакай "девҳои сурх" бо намояндаи бозигари мазкур ба мувофиқа расиданд ва шояд дар трансфери тобистона ин гузариш амалӣ шавад. Ди Лорентсо тобистони соли 2019 бо маблағи 8 млн € аз"Эмполи" ба "Наполи" гузариш анҷом дода буд. Дар мавсими ҷорӣ дифоъгари 26 сола дар 25 бозии чемпионати Италия дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада, ба номаш 2 гол, 3 партофти головар ва 3 корти зардро сабт кардааст. Қарордоди Ҷованни бо бошгоҳи "Наполи" то тобистони соли 2024 баста шудааст.
Дастаи "Манчестер Юнайтед" дар ПЛА пас аз 29 давр бо касби 45 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвал маскан гирифтааст. Ҳоло бо сабаби вируси "корона" ПЛА мутавваққиф аст ва шояд бозиҳо тобистон гузаронида шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив