LIVE

"Манчестер Юнайтед" аз Италия дифоъгар мехмрад

Бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" хоҳиши харидани дифоъгари дастаи "Наполи" Ҷованни Ди Лорентсоро дорад. Дар ин бораи Football Italia хабар медиҳад.
Мувофиқи сарчашма аллакай "девҳои сурх" бо намояндаи бозигари мазкур ба мувофиқа расидаанд ва шояд дар трансфери тобистона ин гузариш амалӣ шавад. Ди Лорентсо тобистони соли 2019 бо маблағи 8 млн € аз дастаи "Эмполи" ба "Наполи" гузариш намуд. Дар мавсими равон дифоъгари 26 сола дар 25 бозии чемпионати Италия дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада, ба номаш 2 гол, 3 партофти головар ва 3 корти зардро сабт кардааст. Қарордоди Ҷованни бо бошгоҳи "Наполи" то тобистони соли 2024 баста шудааст.
Дастаи "Манчестер Юнайтед" дар ПЛА пас аз 29 давр бо касби 45 имтиёз дар зинаи 5- уми ҷадвал маскан гирифтааст. Ҳоло бо сабаби вируси "короно" ПЛА мутаваққиф аст ва шояд бозиҳо тобистон гузаронида шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив