LIVE

"Милан" аз нав печидаи буҳронҳост

Дар ин миён бошгоҳи футболи Милан бархурди буҳронҳои нав аст ва Ибрагимович ҳам аллакай дар ғундории ҷомадон аст.   Чӣ тавре Скай Спорт Италия хабар медиҳад, ҳукмфармо будани буҳрони нав дар Милан аллакай боиси аз даста ҷавоб дода шудани Звонимир Бобан  гардидааст. Ин нафар аз амалиётҳои трансферии даста норозӣ монда,дар ин бора ба роҳбарияти даста хабар додаст.  Маҳз пас аз ҳамин норозигиҳо Бобан аз кораш маҳрум шуд. Ҳамчунин Паоло Малдини низ дар ҳолати аз кор озодшавӣ қарор дорад. Дар хусуси рафтани Малдини то  ҳол чизе нагуфтаанд,вале тибқи расонаҳо  ба ин руйдод ҳам дер нахоҳад шуд. Милан ҳамчунин мехоҳад сармураббияшро иваз кунад. Бобан ва Малдини замоне Масимиллиано  Аллегриро мехостанд ва ҳамчунин дар бошгоҳ номзадии Рангник ҳам таҳти баррасӣ қарор дорад. Суханҳо дар фазои даставӣ бошад бо ҳамин ба охир намерасанд. Бошгоҳро ҳамчунин Златан Ибрагимович тарк карданӣ аст. Трансфери шведӣ барои он баргузор шуд,ки Бобан ва Малдини  бозгашташро мехостанд.  Акнун замоне,ки Бобан несту Малдини имрӯз ё пагоҳ аз кор меравад, эҳтиёҷ ба Ибрагимович ҳам кам мешавад. Вале агар бошгоҳ  ба чунин хулоса биёяд роҳбарияти бошгоҳро метавон хеле ҳайратовар номид. Аз рӯи фикри онҳо Златан бояд гол  занаду дар утоқи либосивазкунӣ бозингаронро дастгирӣ намояд,чаро ки кулли ин буҳронҳои дохилӣ ба бозингарон ҳам таъсир мерасонанд. Бо чунин рафти кор умуман кӣ  мехоҳад,ки дар сафи Милан бозӣ кунад.  Ҳайратовар он аст,ки Романйоли ва Донарумма дар даста то ҳол чӣ  кор мекунанд. Сидқан умед мекунем,ки кори россонериҳо ба маҷрои хеш даромада,Милан аз нав ба элитаи футболи ҷаҳони бармегардад. Ростӣ руз ба руз ба ин чиз боварӣ  камтар мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив