LIVE

Ибрагимович шояд ба «Милан» гузариш кунад

Тибқи иттилои «Corriere della sera», «Милан» умедвор аст, ки 15-уми декабр бо ҳамлаварӣ шведӣ Златан Ибрагимович шартнома бандад.
15-уми декабр дастаи итолиёвӣ 120-солагиашро ҷашн мегирад. Ба иттилои манбаъ, ин гузариш ҳамчун як туҳфаи ба худ хос ба мухлисони ин даста ҳадя карда мешавад. Хабар дода мешавад, ки шартнома бо «Ибра» ба муддати якуним сол ба имзо расонида мешавад, ҳамчунин пас аз анҷоми мавсими кунунӣ, ӯ метавонад ба таври якҷониба шартномаашро бо дастаи итолиёвӣ қатъ кунад.
Қаблан Ибрагимович дар дастаи «Лос-Андҷелес Гэлакси» ҳунарнамоӣ мекард. Аз 1-уми январи соли 2020, ҳамчун агенти озод ба ҳисоб хоҳад рафт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив