LIVE

Кӣ ғолиб меояд? "Реал" ё "Ман Сити"

Бозии дастаҳои "Реал" ва "Ман Сити" бешубҳа аз ибтидо рақобати марказии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо эътироф шуд. Шоми имрӯз ду дастаи аз лиҳози футболбозони маъруф мукаммалшуда, дар варзишгоҳи зебои   "Сантяго Бернабеу" муқобили ҳам қарор мегиранд. Дар дидори дигар Ювентуси Италия меҳмони тими Лиони Фаронса мешавад. Дастаи Зидан чун ҳамтояш Гвардиола қудрати задани гол ва истифодаи самараноки ҳолатҳои голзаниро дорад. Ҳарду тим зимни рақобатҳои худ бештар ба хати ҳамла мутамарказ мешаванд. Бо вуҷуди он ҳарду даста дар ин мавсим борҳо дучори бохт низ шуданд. Бозии  "Реал" ва "Ман Сити" бештар аз ҳолати рӯҳию равонӣ ва табъи болидаи сармураббиёнашон вобастагии калон дорад. Қабл аз бозӣ бо шаҳриҳо бошгоҳи шоҳона ғайриинтизор аз тими "Леванте" (1:0)  дар Чемпионати Испания шикаст хӯрд. Ин аввалин нокомии шогирдони Зидан нест, зеро мусовӣ бо дастаи "Селта" (2:2) ва бохт аз тими "Реал Сосйедада" (3:4) дар Ҷоми Испания дар варзишгоҳи "Сантяго Бернабеу" ба қайд гирифта шудааст. 
"Ман Сити" дар Премйер лигаи Англия "Лестер"-ро 1:0 шикаст дод. Қабл аз он бар тими  "Вест Хэм" (2:0) зафар ёфт. Аммо рӯзи 2-юми феврал шаҳриҳо аз "Тоттенхэму" (0:2)  ба шикаст дучор шуданд. Ин охирин нокомии  "Ман Сити"  ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи асосӣ дар ин бозӣ ба ду ҷеҳраи саршиноси футбол - Зидан ва Гвардиола равона мешавад. Ҳарду ҳам ба ҳайси футболбоз ва ҳам мураббӣ борҳо рақобат кардаанд. 
"Ман Сити" ва "Реал" бори охир дар бозии расмӣ соли 2016 рақобат карда буданд. Ин  дар марҳилаи нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо буд, ки дар ду бозӣ (0:0 ва 1:0) мадридиҳо ба финал баромаданд. "Сити" то ба ҳол ду маротиба меҳмони "Сантяго Бернабеу" буд, аммо дар ҳарду сафар шикаст хӯрдаанд. 
Талафоти асосии “Реал” ин ҷароҳат бардоштани Азар маҳсуб мешавад. Асенсио ва Хамес низ то ба ҳол шифо наёфтаанд.  Дар ҳайати меҳмонон танҳо тақдири Стерлинг норӯшан аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив