LIVE

Рамосро маҳрумият аз Эл Класико таҳдид мекунад

Муҳофизатгари марказӣ ва сарвони дастаи “Реал Мадрид” - Серхио Рамос имкон дорад, ки  дар бозии даври навбатии Чемпионати Испания, ки мадридиҳо бо “Барселона” бозӣ мекунанд, ба майдон набарояд. 
Рамос баъд аз бозӣ бо дастаи “Леванте” аз кори доварон интиқод карда, яке аз омилҳои бохти дастаашро аз доварии нодурусти онҳо маънидод кардааст. 
Роҳбарияти Ла Лига гуфтаҳои муҳофизатгари “Реал” – ро мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаи ниҳоии худро дар рӯзҳои наздик хоҳад баровард. Эл-Классико 1-уми март баргузор мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки “Леванте”  “Реал”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив