LIVE

Ғалабаи навбатии футзалбозони тоҷик

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал силсилабозиҳои дӯстонаи моҳи феврали худро, ки як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёфт, анҷом дод. Дирӯз футзалбозони мо дар бозии дӯстона бо тими Қувайт бо ҳисоби 4 бар 2 ғолиб омаданд. Голҳоро аз ҳайати тими кишвар Баҳодур Хоҷаев, Умед Кузиев ва Собирҷон Гуляков ба самар расониданд. Як голи дигарро бозингари Қувайт вориди дарвозаи худ кард. Барои мунтахаби Тоҷикистон ин сеюмин ғолибияти пайдарҳам маҳсуб меёбад. Қабл аз ин шогирдони Александр Дзабирадзе дар мусобиқае, ки дар Тайланд доир шуда буд, мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби калони 4 бар 0 ва дар бозии дӯстона дар Даммам бар мунтахаби Арабистони Саудӣ 2 бар 1 ғолиб омада буданд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив