LIVE

Довар аз усули маъруфи Зидан кор гирифт

Воқеаи маъруфе, ки миёни  Зидан ва Матератси дар Ҷоми Ҷаҳони соли 2006 рух дода буд, дигарбора аз ҷониби мураббии футболи итолиёвӣ такрор карда шуд. Дар Лигаи 8-уми чемпионати Италия миёни клубҳои «Борго Моляно» ва «Монтоттоне»  қаҳрамони асосии дидор довари футбол гардид. 
Чӣ тавре, ки La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад. Рефер Антонио Мартинелло дарвозабони «Борго Моляно» - Маттео Чиччолиро аз майдон ронд. Баъди хотимаи бозӣ  Мартинелло Чиччолиро дар роҳрави варзишгоҳ мунтазир шуда, бо сар ба қафаси синаи ӯ зарба зад, ки дарвозабонро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд.  
Барои ин амалаш Мартинелло  ба муҳлати як сол аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив