LIVE

Сонро аз се бозӣ маҳрум карданд

 Футболбози хати ҳуҷуми тими «Тоттенхэм» Сон Хинмин барои ҳаракати ғайри варзишиаш, ки дар даври 18-уми ПЛА бар муқобили муҳофизатгари «Челси» Антонио Рюдигер раво дид, ба муҳлати се бозӣ маҳрум карда шуд. Дар ин бора сомонаи махсуси тими футболбози кореягӣ иттилоъ додааст. Дар дидори мазкур Сон дар мубориза бар муқобили Антонио Рюдигер ба замин афтид ва тавассути пойҳояш ҷониби рақиб зарба зад, ки ин амал аз ҷашми довар дур намонд ва корти сурх гирифта, аз майдон ронда шуд.  Сон дар рақобат бар муқобили  «Брайтон», «Норвич» ва «Саутгемптон» ба майдон баромада наметавонад. Ин бори сеюм аст, ки ҳамлагари «Тоттенхэм» дар соли 2019 корти сурх мегирад. Чанде пеш ҳаракати ноҷои ин футболбоз боис ба шикастани пойи футболбози “Эвертон” Андре Гомиш гардида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив