LIVE

Аввалин бохти «Барселона» бо сармураббии нав

Дар даври 21-уми Ла Лига «Валенсия» дар майдонаш «Барселона»-ро истиқбол гирифт.  Дар дақиқаи 12-уми бозӣ меҳмонон дар ҷаримагоҳашон қоидаи бозиро вайрон карданд. Максимилиано Гомес пеналтиро ба гол анҷом дода натавонист. Дар ибтидои қисми аввали бозӣ муҳофизатгари каталониҳо - Жорди Алба тӯбро ба дарвозаи дастаи худ ворид намуд. Дар дақиқаи 77-уми рақобат ҳамлагари «Валенсия» - Максимилиано Гомес бо зарбаи ҳадафраси  худ бартарии дастаашро  ба ду гол боло бурд.  Ин аввалин нокомии «Барселона» зери роҳбарии Энрике Сетйен, ки рӯзи 13-уми  январ курсии  Эрнесто Валвердеро ишғол кард, маҳсуб мешавад.  «Барселона» бо 43 имтиёз зинаи аввали ҷадвали умумии Чемпионати Испанияро ишғол мекунад. Агар  «Реал» шоми имрӯз бар тими «Валядолид» ғалаба кунад, пас Мессию ҳамдастагонашро аз тахт мефарорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив