LIVE

Ташрифи меҳмони "номаълум" ба қисмати сурхи манчестерӣ

Бо омадани футболбози номаълум ба тамрингоҳи “Манчестер Юнайтед” метавон боз ҳам дар бораи як трансфери ношиносе ҳарф зад. Ба тамрингоҳи "МЮ" як бозингари номаълум омад,ки  рӯяшро бодиққатона пӯшонида буд. Сарраввал гумонҳо дар он буданд,ки ин нимҳимоятгари "Вулверхемптон" Рубен Невеш мебошад,вале “гургҳо” ба ин маълумотҳо фавран ҷавоб дода, ҳамоно наворҳои Невешро вақти тамринҳо бо  ҳамдастаҳояш дар шабакаҳо интишор намуданд. Мутаносибан чунин гумонҳо рад шуданд. Ҳамчунин метавон пешгӯӣ кард,ки ин нафар нимҳимоятгари "Спортинг"  Бруну Фернандеш будааст.  Гапҳои ба монанди инро низ асоснок метавон гуфт,вале ин навбат ҳам далелҳо кам вуҷуд доранд. Умуман дар ин маврид суолҳо вуҷуд доранд. Аслан  чунин ба назар мерасад,ки ин бозингар  аз ПЛА мебошад. Гуфтанӣ ҳастем,ки даста аз  Манчестер  фаъолона аз фаъолияти Ҷек Грилиш аз "Астон Вилла", Ҷеймс Меддисон аз  "Лестер"  назорат мебарад. Шахсияти ин футболбози ношинос бошад ба зудӣ маълум хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив