LIVE

Халосии "Барселона" аз бозингари нолозими навбатӣ

Жан Клер Тодибо низ аз зумраи бозингари нолозими дигаре гардид, ки дар “Барселона” бозӣ кардаву дастаашро иваз кард. Тодибо  ба таври иҷора ба “Шалке” гузариш намуд. Аз Жан Клер ба таври фаъолона “Милан” пайгирӣ мекарду ҳамагон мегуфтанд,ки гузаришаш ба Серияи А аслан ҳал шудааст.   Вале ин бозингар ахиран Бундеслигаро интихоб намуд. Бозингари фаронсавӣ ҳам албатта,ки интихоби дуруст намуд. Дар ин асно агар ба гапи расонаҳои олмонӣ бовар кунем, дар  қарордоди Тодибо бо Шалке ҳамчунин дар хусуси нуқтаи харидорӣ бар ивази 25 миллион евро ҳам гуфта шудааст. Ин дар ҳолест,ки агар “Барселона” бихоҳад,ки фаронсавиро бозпас харидорӣ намояд,метавонад,ки панҷоҳ миллион евро пардохт намояд.  Умуман Барса суғуртакорӣ мекунад. Нилунориҳоро фаҳмида мешавад ва онҳо медонанд,ки Тодибо аз зумраи бозингарони соҳибистеъдод  буда,метавонад такмили  маҳорат кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив