LIVE

«Ювентус» Нойерро ба Италия даъват кард

«Ювентус» мақсад   дорад, ки бо қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Олмон ва дарвозабони  «Бавария» Мануэл Нойер шартнома бандад. Дар ин бора  France Football иттилоъ додааст. Айни замон муносибати Нойер бо «Бавария» хуб нест ва бошгоҳи итолёвӣ  аз ҳолати мазкур истифода карда, мехоҳад дарвозабони 33 соларо ба Турин даъват созад. Гуфта мешавад, ки Мануэл Нойерро хариди дарвозабони дастаи «Шалке-04» Александр Нюбел писанд намомадааст ва ба роҳбарияти клуб ҳушдор додааст, ки аз даста меравад. Нойер соли 2011 аз «Шалке -04» бо арзиши  30 млн € ба «Бавария» гузариш анҷом дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив