LIVE

Автобуси «Барселона» дар Арабистон гум шуд

Бори аввал бозиҳо барои дарёфти Суперҷоми Испания  дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. 4 тими испанӣ феълан дар ин кишвари арабӣ қарор доранд. Автобуси «Барселона»  бо сабаби гум шудан дар кучаҳои шаҳри Ҷидда натавонист сари вақт ба нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо «Атлетико» ҳозир шавад. Сармураббӣ Эрнесто Валверде ва ниммуҳофизатгар Серхио Бускетс мебоист дар нишасти хабарӣ ширкат мекарданд, аммо ҳангоми ҳаракат ҷониби варзишгоҳи “”Шоҳ Абдулло” ронанда хатсайро тағйир дода, роҳро гум кардааст, ки дар натиҷа ба дигар самт рафтаанд. 
«Мо шаҳро акнун хуб омухтем, иштибоҳе, ки буд пушти сар шуд. Ба варзишгоҳе, ки дар он ҷо дастаҳои «Реал» ва «Валенсия» бозӣ карданд, ҳаракат намудем ва баъдан дарк намудем, ки хато кардем. Баъдан нақлиётҳои зиёд нагузошт, ки мо сари вақт ба макони даркорӣ омода расем»,гуфтааст Валверде.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив