LIVE

Муваффақиятҳои “Ливерпул” дар соли 2019

Инак соли 2019 низ ҷамъбаст гардид ва тибқи одати маъмулӣ ҳама соҳаҳо ба як соли сипаригашта назар мекунанд ва бурду бохташонро месанҷанд. Дар футбол низ чунин аст. Бошгоҳҳо ба соли сипаригашта нигоҳ карда ё меболанд, ё аз он ибрат мегиранд.

Бошгоҳи “Ливерпул” бешак дар соли сипаригашта дар сархати хабарҳои ҷаҳонии футбол қарор гирифт. Барои чӣ гуна сипарӣ кардани соли 2019 аз ҷониби ин бошгоҳ, ки дар ватани мо низ ҳаводорони бешумори худро дорад, назаре меафканем.

  • Қаҳрамони Лигаи чемпионҳо;
  • Қаҳрамони Суперҷоми Аврупо;
  • Қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон байни бошгоҳҳо;
  • Соҳиби 98 имтиёз дар Премйер-Лигаи Англия аз 111 имтиёзи эҳтимолӣ, медали нуқраи чемпионати Англия, ки чемпионати хурди олам низ меноманд;
  • Дар “Энфилд” шикастнопазир будан;

Ҳамзамон сармураббии даста Юрген Клопп ва чандин футболбозонаш дар алоҳидагӣ ҷоизаҳои беҳтарин мураббӣ, беҳтарин футболбоз, дарвозабони солро низ соҳиб гаштанд, ки ин ҳама дастовардҳои бузурги имсолаи ин бошгоҳи англисӣ маҳсуб меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив