LIVE

Муносибати ошиқона, монеи фаъолияти футболбоз шуд

Як бошгоҳи славенягӣ як футболбозашро ихроҷ кард ва сабаби ихроҷ ин будааст, ки футболбози нигериягӣ ҳангоми фаъолият дар ҳамин бошгоҳ бо як духтар муносибати ошиқона дошт ва чанд рӯз пеш маълум шуд, ки он духтар   ҳомиладор аст. Бозингарро барои чӣ пеш карданд? Барои он, ки ҳамон хонум, духтари президенти бошгоҳ будааст.  Баъдан,  қиссаро фаҳмиданд ва ин футболбозро барои гуфтугӯ даъват карданд. Футболбоз гуфтааст, ки “ин ҳаёти ман аст ва ин танҳо миёни ману ҳамон духтар бояд ҳал шавад. Мо якдигарро дӯст медорем ва ояндаи худро аллакай тарҳрезӣ кардаем”, аммо ин суханҳо илоҷи кор нашуду футболбозро аз даста ронаданд. Номи бошгоҳ , номи футболбоз ва номи президенту духтараш оварда нашудааст.

Новость отредактировал: Firdavsi Khursand - 12-12-2019, 15:48

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив