LIVE

Дивок Ориги “Барселона”-ро гирифтори буҳрон кард

Дар мавсими гузашта ҳамлавари дасти “Ливерпул” Дивок Ориги ба задани 7 гол даст ёфт ва  голҳои ба самар расондаи ин футболбоз  барои сурхпушон хеле муҳим буданд. Бояд қайд кард, ки ин футболбоз дар мавсими гузашта ба дарвозаи кадом дасате гол задааст дар ин мавсим гирифтори буҳрон шудаанд.  Дар дерби   бо “Эвертон” дар мавсими гузашта,  ки Дивок дар дақиқаи охирин голи пирӯзӣ овари дасати “Ливерпул”-ро ба ҳадаф расонид ва  ин мавсим “Эвертон”   дар 6 вохӯрӣ танҳо ду ғалаба ва як мусовӣ намудааст. Амсоли ин шуда метавонад  дастаи “Нюкасл”  ки дар ин мавсим ҳоло дар зинаи 17 мусобиқоти ПЛА қарор дорад.  Яке аз вохӯрии таърихие, ки  дасати “Ливерпул” дар мавсими гузаштаи Лигаи Чемпионҳои дар даври ниманиҳоӣ бар муқобили “Барселона” баъд аз нокоми дар “Кампноу” бо ҳисоби (3-0) тавонист дар хонаи худ бо ҳисоби (4-0) пирӯз шавад ва саҳми Ориги дар ин рақобат беҳамто буд ва дар ин вохӯрӣ  ду голи муҳими дастаи худро ба нишон расонида буд. Ва бояд  гуфт, ки ба ин тилисм  Каталониҳо низ даргир шуданд. Аз оғози ин мавсим “Барселона” дар ду бозии аввали Ла Лига ноком шуда бар зами ин нобиғаи ин бошгоҳ Лео Месси наметавонад саломатии худро барқарор намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив