LIVE

Мураббӣ футболбозро бо мушт зад

Дар бозии Лигаи маҳалии Англия миёни дастаҳои то 15 сола ҷангу хархаша сар зад. Ҳудуди зиёда аз 20 нафар аз ҷумла мураббиён, бозингарон ва мухлисон дар ҷанге, ки дар вақти бозии “Сент-Ҷозеф”  – “Виксемс”  сар зад, иштирок доштанд. Мураббии дастаи “Виксемс” ба майдон баромада, ба рӯи футболбози 14 солаи “Сент-Ҷозеф” бо мушт зад, ки дар натиҷа рӯяш хуншор гардид. Расми наврасро мураббии академияи “Лутон” Мартин Пауэлл дар саҳифаи “Твиттер”-аш гузошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив