LIVE

Ҳайати «Реал Мадрид» дар бозӣ бар зидди «Брюгге» муайян шуд

Бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» ҳайаташро ба бозӣ бар зидди «Брюгге», ки дар доираи даври 6-уми Лигаи Чемпионҳо баргузор мегардад, эълон кард.

Ба Белгия 19 футболбоз сафар мекунанд. Бинобар сабаби ҷароҳат бардоштанаш нимҳимоятгари тими «шоҳона» Эден Азар ба руйхат шомил нашуд. Инчунин Серхио Рамос ва Тони Крос дар ин бозӣ иштирок намекунанд.

Ҳамзамон, Гарет Бейл, ки дар бозӣ бар зидди «Эспанйол» ба майдона набаромада буд, ин дафъа ба ҳайат шомил шуд.

Ҳайати «Реал Мадрид» чунин аст:

Дарвозабонҳо: Тибо Куртуа, Алфонс Ареоля, Диего Алтубе;

Ҳимоятгарон: Даниэл Карвахал, Эдер Милитао, Рафаэл Варан, Начо, Алваро Одриосола, Ферлан Менди;

Нимҳимоятгарон: Лука Модрич, Каземиро, Федерико Валверде, Иско;

Ҳамлагарон: Карим Бензема, Гарет Бэйл, Лука Йович, Браим Диас, Винисиус Жуниор, Родриго Гоэс.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив