LIVE

Ҳайати "Реал" ба Лигаи Чемпионҳо омода шуд

Сармураббии бошгоҳи “Реал" - Зинедин Зидан 21 шогирдашро барои бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили "Галатасарай" ба рӯйхат шомил намудааст. Ба ин рӯйхат Асенсио, Модрич, Бэйл ва Начо бо сабаби осеб бардоштанашон шомил нашудаанд. 
Дарвозабонҳо: Куртуа, Ареоля, Алтубе.
Дифоъгарон: Карвахал, Милитао, Рамос, Варан, Марсело, Одриосола, Менди.
Ниммуҳофизатгарон: Кроос, Каземиро, Валверде, Хамес, Иско.
Ҳамлаварон: Азар, Бензема, Йович, Браим, Винисиус, Родриго.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ байни бошгоҳҳои "Галатасарай" ва "Реал" 22-юми октябр соати 23:55 бо вақти Душанбе дар назар аст. Инчунин хоҳишмандон имкон доранд, ки бозии мазкурро ба таври мустақим аз шабакаи ТВ “Футбол” тамошо намоянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив