LIVE

Буҳрони “Арсенал” идома дорад

Рафтани Унаи Эмери низ ба дастаи “Арсенал” кумак намекунад, зеро дар даври 15-уми Премйер-лига лондониҳо аз “Брайтон” шикаст хурданд. Ин дидор дар Варзишгоҳи “Эмирейтс” сурат гирифта, бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи меҳмонон хатм гардид. Лондониҳо дар 9 бозии охирашон ғалаба намекунанд, ки ин бадтарин натиҷа барои даста дар 42 соли охир ба ҳисоб меравад. 


Бори охир “Арсенал” аз моҳи феврал то ба марти соли 1977 дар 10 бозӣ ғалаба накарда буд.  
“Арсенал” баъди ин нокомӣ бо 19 имтиёз дар зинаи 10-уми ҷадвал аст.

Чемпионати Англия. Премйер-лига. Даври 15-ум.
Арсенал – Брайтон 1:2 (0:1, 1:1)
Голҳо: 0:1 – 36 Уэбстер, 1:1 – 50 Ляказетт, 1:2 – 80 Мопе.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив