LIVE

Гурӯҳи “Е”: тақдири дастаҳо дар даври охир муаяйн мешавад

Имшаб бо иштироки дастаҳои шомили гурӯҳи “Е” бозиҳои даври панҷум сурат гирифт. 
“Ливерпул”, ки қаҳрамони феълии ин мусобиқа аст дар майдони худ “Наполи”-ро пазируфт. Бозиии дастаҳо дар варзишгоҳи “Энфилд” сурат гирифта, мусовӣ 1 бар 1 хотима ёфт.
Дар дақиқаи 21-уми бозӣ ҳамлагари белгиягии дастаи меҳмон Дрис Мертенс “Наполи”-ро ба пеш баровард. Голи ҷавобии мизбононро бошад, дифоъгари хорватии “сурхпӯш”-он Деян Ловрен марбути номи худ кард.
Шогирдони Юрген Клопп ҳарчанд тӯли вақти боқимонда кӯшиданд соҳиби се имтиёз шуда, қабл аз муддат роҳи худро ба даври ҳазфӣ ҳамвор кунанд, аммо муваффақ нашуданд. Ҳамин тавр Клопп, ки ба наздикӣ беҳтарин мураббии соли 2019 аз сӯи Федератсияи байналмилалии таърих ва ва омори футбол эътироф шуд натавонист дар 100-умин бозии шогирдонаш дар мусобиқоти футболи аврупоафрӯз пирӯзӣ ба даст орад.
Бозии дигари ин гурӯҳ бо иштироки “Генк” ва РБ “Залсбург” дар “Луминус Арена-Кристал Арена”-и шаҳри Генки Белгия барпо шуд. Бозигарони дастаи “Залсбург” дар ин овард бо ҳисоби калони 4-1 рақибро торумор карданд. 
Пас аз анҷоми бозиҳои даври панҷум дар гурӯҳи ”Е” тағйирот дида намешавад. “Ливерпул” бо 10 имтиёз садрнишин аст. “Наполи” бо 9 хол ҷойи дуюм ва РБ “Залсбург” бо 7 имтиёз зинаи сеюмро банд карда истодаанд. Ҳар сеи ин дастаҳо шонси баромадан ба даври ҳазфии мусобиқаро нигоҳ медоранд. Дастаи “Генк”, ки бо 1 хол дар зинаи охирин қарор дорад аз идомаи мусобиқоти футболи аврупоафрӯзи мавсими 2019/20 бенасиб шуд.
Дар даври охир агар “Ливерпул” меҳмони РБ “Залсбург” шавад, пас “Наполи” дар майдони худ “Генк”-ро қабул мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив