LIVE

Ғалабаи мушкили "Барселона" дар сафар


Дар варзишгоҳи "Мунисипал де Бурке" дастаи маҳаллии "Леганес" пешсафаи ҷадвали чемпионати Испания "Барелона"-ро қабул кард. Вохӯрӣ бо голи задаи Юсуф Эн Носирӣ дар дақиқаи 12-уми дидор оғоз шуд. Футболбозони "Барселона" дар қисми дуюми дидор голи ҷавоби заданд. Сараввал Луис Суарес пас аз партофти капитани меҳмонон Леонел Месси тӯбро вориди дарвоза кард ва баъдан Артуро Видал (79) голи дуюмро ба номаш сабт кард. "Барсеона" бо 28 имтиёз дар ҷойи аввал мавқеашро мустаҳкам кард. "Леганес", ки дастаи заифи мавсими имсола аст бо 6 хол дар ҷойи дуюм қарор дорад. Бозии навбатии "Барселона" бо "Боруссия Д" дар даври 5-уми вохӯриҳои гуруҳии Лигаи чемпионҳои Аврупо (27 нобяр) сурат мегирад. Дар доираи чемпионати Испания бошад (1 декабр) бо "Атлетико" дидор анҷом хоҳад дод. Дар ин рақобат ниммуҳофизатгар Серхио Бускетс бо сабаби барзиёд доштани корҳои зард ширкат намекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив