LIVE

Капитани тими миллии Тоҷикистон ба дастаи хориҷӣ гузашт

Аҳтам Назаров ҳимоятгари 27 солаи тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе фаъолияти варзишии худро  дар тими «Bashundhara Kings» қаҳрамони мавсими қаблии Лигаи Олии Бангладеш  идома медиҳад. Дар ин бора агенти  футболбоз Кова Тилавпур хабар медиҳад.
-Мо қабл аз созишнома бо дастаи  «Bashundhara Kings» якчанд пешниҳодҳо доштем. Махсусан 2 бошгоҳи пешсафи кишвари Индонезия  ва Тайланд, ки мехостанд Аҳтамро даъват кунанд, вале мо ин тими бангладеширо интихоб намудем. Қарордоди Назаров бо тими ҷадидаш бо тарҳи 1:1 яъне баъди як соли ҳунарнамоӣ метавонад созишномаашро тамдид  намояд.
 Кова Тилавпур аввалин агенти футбол дар Осиёи Марказист, ки иҷозатномаи миёнаравии футболбозон "агентӣ"-ро дорад. Ӯ ғайр аз Назаров боз ду бозингари  тоҷик Нуриддин Давронов ва Ҷаҳонгир Эргашевро ба тимҳои хориҷ ирсол кардааст.
   Аҳтам Назаров дар дастаҳои «КМВА- Помир»,  «Барқҷӣ» ва «Истиқлол»  бозӣ намуда, дар тими милли аз соли 2012 бозӣ мекунад ва 34 вохӯрии расмӣ  ширкад карда ба задани 5 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив