LIVE

Футболбози тоҷик ба дастаи “Saif sporting club” гузашт

Ҳамлавари 25 солаи тими мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи  «Хуҷанд»- шаҳри Хуҷанд  Ҷаҳонгир Эргашев бо дастаи  “Saif sporting club” ки дар Лигаи Олии кишвари Бангладеш бозӣ мекунад қарордод бо муддати як сол  ба имзо расонд. Дар ин бора агенти  ин футболбози тоҷик Кова Тилавпур  хабар медиҳад.  Ба гуфтаи Кова Тилавпур:-  Пешниҳодҳои зиёд доштем. Махсусан ду бошгоҳи Узбекистон ва Ҳиндустон. Қабл аз пайваст шудан ба дастаи  «Saif sporting club» дар мавриди буду боши бозикунон ва фаъолияти бошгоҳ ошно гаштем. Қаблан  дар тими  “Saif sporting club”  мутахассиси сербистонӣ Никола Кавазович  фаъолият кардааст ва ӯ барои мухлисони «Истиқлол»  шинос аст. Бояд ёдовар шуд,ки Эргашев дастпарвари мактаби футболи шаҳри Гулистони вилояти Суғд буда дар дастаҳои «Хуҷан», «КМВА-Помир» , «Истиқлол» , «Динамо Брест»-и кишвари  Белорус бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив