LIVE

Бозии дӯстонаи Тоҷикистон ва Малайзия баъди 5 сол

Аз бозии аввали рафиқонаи дастаҳои яккачини Тоҷикистон ва Малайзия панҷ сол сипари шуд. Инак дастаҳо, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ширкат доранд дар шаҳри Куала-Лумпур қабл аз бозиҳои даври 5-ум дидорИ дӯстона анҷом медиҳанд. Малайзия айни замон шомили гуруҳи "G" буда, бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам, АМА ва Индонезия барои роҳ ёфтан ба даври дигар мубориза бурда истодааст. Ҳоло футболбозони Малайзия дар гуруҳ бо 3-хол дар ҷойи 4-ум қарор доранд.
  Тими миллии мо дар гуруҳи хеш, ки инҷо дастаҳои яккачини Ҷопон, Қирғизистон, Муғулистон ва Мянмар шомиланд, бо 6-имтиёз зинаи сеюмро касб мекунад. Ба андешаи сармураббии дастаи мо ин бозӣ як марҳилаи хуби омодасозии футболбозон барои бозиҳои расмӣ муқобили Мянмар (14 ноябр) ва Қирғизистон (19 ноябр) будааст.
   Дастаи миллии Тоҷикистон бо Малайзия 8-уми августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона анҷом дода буд. Он рақобат бо ҳисоби калони 4:1 ба фоидаи футболбозони мо анҷом ёфтааст. Ин ягона дидори Тоҷикистону Малайзия буд. Ҳоло аз ҳайати ҳамонвақта 5 нафар ҳамроҳ бо тими миллӣ ба Куала-Лумпур рафтанд. Инҳо Нуриддин Давронов аз дастаи  "Уммон" (Уммон), Фатҳулло Фатҳуллоев аз дастаи "Бухоро" (Ӯзбекистон), Давронҷон Эргашев (Хуҷанд), Аҳтам Назаров (Истиқлол) ва Ҷаҳонгир Эргашев аз бошгоҳи "Сайф" (Бангалдеш) маҳсуб меёбанд. 

Бозии дӯстона 

ТОҶИКИСТОН – Малайзия – 4:1

Голҳо: Давронҷон Эргашев, 15 (1:0). Дилшод Восиев, 35 (2:0). Мохд Амрӣ Яҳё, 45 – аз пеналти (2:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 51 (3:1). Нуриддин Давронов, 53 (4:1).

Пеналтии нозада: Дилшод Восиев (Тоҷикистон), 48 – дарвозабон.

Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Давронҷон Эргашев (Соҳиб Саванқулов, 86), Сиёвуш Асроров, Ҷахонгир Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов, Иброҳим Рабимов (Наим Ӯлмасов, 86), Нуриддин Давронов (Умедҷон Шарипов, 70), Фатҳулло Фатҳуллоев (Аҳтам Назаров, 70), Дилшод Восиев (Ҷахонгир Эргашев, 86), Хуршед Маҳмудов, Фарҳод Тоҳиров (Аҳтам Ҳамроқулов, 61).

Огоҳӣ: Нуриддин Давронов (Таҷикистон), Моҳд Сали Моҳд Сафӣ, Умар Моҳд Асроруддин Путра, Моҳд Амрӣ Яҳё, Муҳамад Аидил Зафуан Абд Разоқ (Малайзия).

Довари бозӣ: Александр Гаузер (Казоқистон).
Ёварони довар : Сергей Васютин, Самат Тергеусизов (ҳарду – Қазоқистон).
Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Тоҷикистон).

8 августи соли 2014. шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳурявӣ. 11 000 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив