Тими мунтахаби то 17 солаи Бразилия дар даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2019 тими ҷавонони Фаронсаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, роҳхати даври финалии ин чорабинии сатҳи ҷаҳониро соҳиб гардид. Рақобати дигари даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон байни яккачинҳои Мексика ва Ҳолланд баргузор шуд, ки дар натиҷаи силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра тими мунтахаби Мекиска бо натиҷаи 4:3 дастболо шуда, роҳхати даври ниҳоиро соҳиб гардид. Хотиррасон мекунем, ки мунтахаби Бразилия қаблан дар солҳои 1997, 1999 ва 2003 ба гирифтани ҷоизаи Ҷоми ҷаҳон даст ёфта буд. Тими миллии Мексика низ дар навбати худ ду маротиба дар солҳои 2005 ва 2011 ба ин натиҷа даст ёфта буд. Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон байни футболбозони то 17 соларо аз ҳама бештар мунтахаби Нигерия 5 бор дар солҳои (1985, 1993, 2007, 2013 ва 2015) ба даст овардааст. Қаҳрамони феълии ин мусобиқа яккачини Англия ба шумор меравад, ки соли 2017 англисҳо дар финал мунтахаби Испанияро бо ҳисоби калони 5:2 шикаст дода буданд.
Чемпионати ҷаҳон-2019
Мунтахабҳои то 17 сола
Даври 1/2 ниҳоӣ
Фаронса U17 — Бразилия U17 — 2:3 (2:0)
Мексика U17 — Ҳолланд U17 — 1:1 (0:0). Пеналти — 4:3