Директори генералии “Атлетико Мадрид” Мигел Анхел Хил қарори ниҳоии худро дар бораи музокирот бо “Барселона” дар мавриди гузариши ҳамлагар Хулиан Алварес эълон кард.
"Ҳамчун директори генералӣ бо дастгирии кормандон, саҳмдорон ва аъзои раёсати мо, ман метавонам бигӯям, ки ягона қарори қатъӣ ин аст, ки мо бо “Барселона” музокирот нахоҳем кард.
Ман зиёда аз 30 сол дар ҷаҳони футбол ҳастам ва то он даме, ки ман директори генералӣ боқӣ мемонам, ӯро ба “Барселона” намефурӯшем. Ин воқеият аст", - иқтибос меорад нашрияи AS аз суханони Хил.
Рӯзи якшанбе, 23-юми август, ҳамлагар бори аввал ин мавсим дар сафи тими шаҳри Мадрид бозӣ кард. Аргентинӣ дар нимаи дуюми бозии хонагӣ зидди “Вилярреал” (2-2) ба майдон баромад. Алварес вақти бозгаҳшт ба майдон бо вокуниши манфии мухлисон рӯбарӯ шуд ва мухлисон дар тӯли бозӣ бо "Виллярреал" ӯро дашном медоданд.
