LIVE

Хулиан Алварес - ҳадафи асосии трансферии “Барселона”

Бино ба гуфтаи рӯзноманигор Бен Ҷейкобс ҳамлагари бошгоҳи “Атлетико Мадрид” Хулиан Алварес сарфи назар аз мушкилоти молиявии бошгоҳи каталонӣ ҳадафи асосии трансферии “Барселона” мебошад. 
Бо вуҷуди ин, гуфтушунидҳо байни намояндагони бозигар ва бошгоҳ суст пеш мераванд ва “Атлетико” нақша надорад, ки ӯро бо нархи камтар аз 120 миллион евро фурӯшад.
Алварес ин мавсим дар ҳама мусобиқаҳо 47 бозӣ анҷом дода, 19 гол зад ва нӯҳ партофти головар ба омор гирифтааст. Шартномаи кунунии ӯ бо Атлетико то 30 июни соли 2030 эътибор дорад. Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши интиқоли ин ҳамлагар 90 миллион евроро ташкил медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив