Бошгоҳи “Ал-Аҳлӣ” нисбати ҳамлагари “Реал Мадрид” Винисиус Жуниор шартнома ба маблағи 1 миллиард евро пешниҳод кардааст. Бино ба иттилоъи рӯзноманигор Бен Ҷейкобс, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, бошгоҳ бо ин бозигари 25-сола гуфтушунид анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ “Ал-Аҳлӣ” Винисиусро дар равзанаи тобистонаи трансферӣ ҳадафи асосии худ қарор додааст ва бо ӯ дар мавриди шартҳои шартномаро баррасӣ мекунад. Бозингар қаблан хоҳиши дар Мадрид монданро изҳор карда буд ва омода аст шартномаашро бо “Реал Мадрид” тамдид кунад, аммо ин метавонад тағйир ёбад, зеро шайхҳои саудӣ қасд доранд, ки ӯро ба даст оранд.
Винисиус Жуниор соли 2018 аз “Фламенго” бо нархи 45 миллион евро ба “Реал Мадрид” ҳамроҳ шуд. Ӯ дар ин мавсим дар 30 бозӣ анҷом дода, ҳафт гол ва 11 партофти головар ба омор гирифтааст. Шартномаи кунунии Винисиус бо “Реал Мадрид” то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад ва арзиши бозории ӯ тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt 150 миллион евроро ташкил медиҳад.
