Бошгоҳи итолиявии "Аталанта" дар сомонаи расмии худ оидид имзокунии шартномаи доимӣ бо ҳамлагар Ҷакомо Распадори аз "Атлетико Мадрид" эълон кард. Ҳамлагар пироҳани рақами 18-ро интихоб кардааст.
Ҳамлагари 25-сола моҳи августи соли 2025 аз "Наполи" ба "Атлетико Мадрид" пайваст. Дар давраи фаъолияташ дар "Атлетико" ин ҳамлагар 15 бозӣ анҷом дода, ду гол ва се партофти голӣ ба омор гирифтааст. Дар маҷмӯъ бозигари итолиёвӣ 424 дақиқа дар майдон будааст. Шартномаи Распадори бо бошгоҳи шаҳри Мадрид то соли 2030 мӯҳлат дошт. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ҳамлагар 22 миллион евро мебошад.
